Нусхаи чопи
МИРЗОЕВ Шоҳназар - номзади илмҳои
филологӣ, ходими пешбари илмии шуъбаи
забонҳои помирии Институти илмҳои
гуманитарии ба номи академик Б. Искандарови АМИТ
 
ОСМОНИ СОФ - ҚОСИДИ СУЛҲ
 
     Имрӯз вазъи ҷаҳон ноором аст. Солиёни пеш мамлакатҳои Европаи Ғарбӣ таҳти роҳбарии ИМА ҷаҳонро бо коммунизм метарсонданд. Ҳозир коммунизм қариб, ки аз байн рафтааст ва дар ҷаҳон бояд оромӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва баробарҳуқуқӣ пойдор мешуд. Аммо ин тавр нашуд, ҷаҳон дар остонаи ҷанги сеюми ҷаҳонӣ қарор дорад. Пойгоҳи ин ҷанг ба монанди Ҷанги якуми ҷаҳонӣ ва Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ дар Европаи Ғарбӣ қарор дорад. Маҳз бо кӯшиши ҳамин давлатҳо як давлати абарқудрат ба монанди шӯравӣ аз байн рафт. Муносибати ҷумҳурияҳо, ки Иттиҳоди Шӯравиро ташкил медоданд, тезу тунд гардид. Муносибати халқҳои ба ҳам бародар, ки дар солҳои Чанги Бузурги Ватанӣ ҷаҳонро аз фашизми Германия наҷот доданд, канда шуд.
     Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 9 сентябри соли 1991 истиқлолияти худро эълон карда буд, ҷанги шаҳрвандӣ оғоз гардид. Дар натиҷаи ин ҷанг, бисёр одамон дучори марг гардиданд, кӯдакон ятим шуданд, қисми мардум аз Ватанашон фирор намуданд. Саркунандагони ин ҷанг мақсад доштанд, ки ба ҳар роҳу воситае, ки набошад, ба сари қудрат оянд. Барои ба ин мақсад расидан онҳо аз хориҷи кишвар маблағ мегирифтанд. Халқи тоҷик ин бадбахтии ба сараш омадаро ҳеҷ фаромуш намекунанд, ки ин бадбахтӣ аз нав боз такрор гардад.
      Сардорони гуруҳое, ки ба сари халқи тоҷик бадбахтӣ оварданд, аз марзи мамлакат берун рафтанд, ва имрӯзҳо кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, ки вазъи мамлакатро аз нав ноором созанд.
      Чи хеле ки маълум аст, имрӯз ҷангҳои иттилоотӣ ба авҷи баланди худ расидааст ва ғосибон аз он хуб истифода мебаранд, то авзои ҷаҳонро ноором созанд. Ин ашхос ягона мақсад доранд, ки ҷаҳони тақсимшударо аз нав ба фоидаашон тақсим намоянд.
      Мардуми тоҷик асари безаволи А. Фирдавсӣ “Шоҳнома”-ро доранд. Ин халқ достони “Гуруғли”-ро доранд, ки дар онҳо маҳз сулҳ, бародарӣ, ва ҳамдигарфаҳмӣ тараннум гардидааст. Боварии комил дорам, ки агар ҳамаи мардум ин асарҳоро мутоила менамуданд, дар Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ ҷанги шаҳрвандӣ сар намезад.
     Бинед, чи хел ҳасудони дар хориҷа қароргирифта мехоҳанд бо ҳар роҳу восита аз воситаҳои иттилоотӣ истифода карда, мехоҳанд вазъи ҷомеаро ноором созанд. Онҳо инро намефаҳманд ва фаҳмидан ҳам намемонанд, ки халқи тоҷик намемонад, ки ҳодисаҳои солҳои 90-уми асри гузашта аз нав такрор шаванд.
      Соли 2026 расо 35 сол аз соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон сипарӣ мешавад. Дар ин муддат халқи тоҷик маҳз таҳти роҳбарии бевоситаи Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомали Раҳмон ба ба бисёр комёбиҳо ноил гардид. Сатҳи зиндагии мардум дучанд баланд гардид. Албатта пешрафти ҷомеа бе камбудӣ намешавад ва ин камбудиҳо бояд бо роҳи осоишта ҳалли худро ёбанд.
Дуруст гуфтаанд:
Ҷанг миёни ду кас оташ аст,
Суханчини бадбахт ҳезумкаш аст.
Маҳз ба ҳамин ҷомеа, ки машғули суханчинӣ аст, бояд мубориза бурд.