Нусхаи чопи
Азорабекова Ширингул - ходими калони шуъбаи таърих,
бостоншиносӣ ва мардумшиносии Институти илмҳои гуманитарии
ба номи академик Баҳодур Искандарови АМИТ
 
МУҲИМИЯТИ ИЛМИ РАВОНШИНОСӢ ДАР СИСТЕМАИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ ЗАМОНИ МУОСИР
 
     Дар шароити муосири ҷомеаи ҷаҳони зудтағйирёбанда ва пешгӯинашаванда, ки раванди таълим ва тарбия рӯз аз рӯз ба таҳаввулоти амиқ рӯ ба рӯ мегардад, нақши илмҳои инсоншиносӣ хосатан равоншиносӣ, хеле муҳим арзёбӣ мегардад. Ҷомеаи муосир дар марҳалаи такомул ва тағйироти босуръати иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва технологӣ қарор дорад. Таълим ва тарбия, ки ҳамчун заминаи ташаккули шахсият ва пешрафти миллат арзёбӣ мегардад, беш аз пеш ба равишҳои муосир ва илмии равоншиносӣ ниёз дорад. Равоншиносӣ, бахусус равоншиносии таълимӣ ва синнӣ, ба омӯзгорон ва кормандони соҳаи маориф имкон медиҳад, ки хусусиятҳои равонии кӯдаконро дар сатҳҳои мухталифи рушд дарк намуда, барномаи таълимиро мутобиқи ниёз ва қобилияташон ироа намоянд.
     Ба ақидаи равоншиноси маъруф Лев Выготский: «Рушди равонӣ бе муҳити иҷтимоӣ тасаввурнопазир аст, зеро муҳит барои инсон чун манбаи асосии ташаккули зеҳнӣ хизмат мекунад». Дар асоси ин назария, муҳити таълимӣ бояд на танҳо дониш диҳад, балки рушдбахши шахсияти кӯдак бошад. Илми равоншиносӣ ба омӯзиши олами ботинии инсон, равандҳои фикриву эҳсосӣ ва рафтории ӯ машғул буда, заминаи муҳим барои ташаккули шахсият ва пешрафту муваффақияти таълиму тарбия ба шумор меравад.
      Мусаллам аст, ки таълим ва тарбия бе дарк намудани хусусиятҳои равонии хонандагон, бе шинохти эҳтиёҷот, қобилият, мушкилоти эҳсосиву фикрии онҳо ҳеҷ гоҳ самараи хуб ба бор намеорад. Ҳар як толибилм шахсияти беназир аст, ки эҳсосоту мушкилот ва нигаронии хешро аз сар мегузаронад ва нисбати ӯ бояд чӣ дар оила ва чӣ дар мактаб мувофиқи рафтораш муносибат кард. Аз ин лиҳоз истифодаи бошууронаи дастовардҳои илми равоншиносӣ дар оила ва муассисаҳои таълимӣ ба раванди тарбиявию омӯзишӣ, ҷиҳати фароҳам овардани муҳити мусоид ва мутобиқ ба ниёзҳои кӯдакону наврасон кӯмак мерасонад.
     Дар ҳамин замина, мураббиён, омӯзгорон ва мутахассисони соҳаи маориф бояд дорои дониши кофии равоншиносӣ бошанд, то битавонанд бо толибилмон муносибати дуруст барқарор намуда, барои пешрафт ва рушди ҳаматарафаашон шароити мувофиқ муҳайё созанд. Илми мазкур ба омӯзгорон кӯмак мекунад, ки беҳтару хубтар дарк кунад, ки аз сари толибилм чӣ мегузарад, кадом омилҳо ба рафтораш таъсир мерасонанд, чаро ӯ метавонад хашмгин ё баръакс, хомӯш шавад. Аз ин лиҳоз маълумот дар бораи марҳилаҳои рушд ва таркиби шахсият асос шуда метавонанд, ки омӯзгорон муносибатҳои муассир ва ва эҳтиромона бо толибилмони синну соли мухталиф бисозанд.
    Тасаввур кардан душвор аст, ки муассисаи таълимӣ бидуни қобилияти омӯзгор барои идора кардани интизом дар синф муваффақ шавад. Толибилмони замони муосир метавонанд дар хислат, рафтори ҳаррӯза ва сатҳи худидоракунӣ гуногун бошанд. Равоншиносӣ ба омӯзгорон маълумоти пурарзиш дар хусуси сабабҳои вайрон шудани интизом ва рафтори толибилм медиҳад, ки рафтори онҳоро дуруст фаҳманд ва стратегияи муассирро барои кам кардани вазъиятҳои низоъӣ таҳия кунанд. Масалан, рафтори муаллиме, ки тавонист бо таҷрибаи хеш толибилмро бидуни шармсор кардан дар назди ҳамсабақонаш аз роҳи бади дуздӣ кардан боздошт, шоёни таҳсин аст. Омӯзгор муваффақ гардид, ки бо дурустии рафтораш хонандаро на танҳо аз кирдори бад боз дошт, балки ба рушди минбаъдаи ӯ таъсири мусбӣ расонд.
       Ҳодиса чунин будааст: Омӯзгор дар синфе, ки толибилмони синни чордаҳсола таҳсил мекарданд, дарс мегузаронд. Хонандае бо гирья ба омӯзгор арз кард, ки соати дастиашро аз ҷувздонаш дуздидаанд. Муаллим лаҳзае сукут карданд ва аҳли синф, ки аз 23 хонанда иборат буданд ба назди тахтаи синф даъват намуд. Сипас фармуд, ки қатор истода, чашмонашонро пӯшонанд. Омӯзгор кисаҳояшонро кофта, дар мобайни саф соатро ёфт, вале кофтуковро қатъ накарда, то охири қатор тафтишро давом дод. Пас аз анҷом додани амалаш иҷозат дод, ки чашмонашонро кушоянд ва дар ин хусус чизе нагуфта, соатро ба соҳибаш баргардонда, дарсашро идома дод.
     Бо гузашти солҳо хонандае, ки соатро дуздида буд мактабро хатм карда, ба Донишгоҳи педагогӣ дохил гардид ва баъди ба итимом расонданаш ба мактабе, ки дар он таҳсил намуда буд ба ҳайси омӯзгор баргашт. Собиқ муаллимаш ба нафақа баромада буд ва дар мактаб кор намекард. Омӯзгори ҷавон ба хонаи муаллими хеш рафта, аз он рӯз ёдовар шуд ва миннатдории хешро изҳор намуд. Ҷавон афзуданд, ки он солҳо вазъи иқтисодии оилаашон на он қадар хуб буд, вале ӯ ба соати дастӣ ҳаваси зиёд дошт. Мақсад доштам, ки соатро ду-се рӯз берун аз мактаб дар даст мекунам ва баъд бармегардонам. Агар он рӯз миёни ҳамсабақонам шарманда мешудам мумкин ба худкушӣ даст мезадам, лекин Шумо маро наҷот додед. Муаллим табассум карда, гуфтанд: « Ҳангоми кофтани кисаҳоятон ман чашмони худамро низ пӯшонда будам, то ин ки дар вуҷудам нисбати хонандае ҳиссиёти манфӣ пайдо нагардад».
      Тарбия ҳамчун раванди ташаккули ахлоқ, ҷаҳонбинӣ ва муносибатҳои иҷтимоӣ бе истифодаи равоншиносӣ ба мушкил ва нигаронӣ рӯ ба рӯ мешавад. Равоншиносӣ метавонад кӯмак кунад, ки муҳити тарбиявӣ солим ва дастгиркунанда бошад. Ба ақидаи равоншиноси амрикоӣ Карл Роҷерс «Муносибати самимӣ ва беғаразонаи мураббӣ метавонад ба тағйироти амиқ дар шахсияти кӯдак оварда расонад». Иқтибоси овардашуда бори дигар зарурати муносибати шахсиятмеҳвар ва равоншиносиро дар тарбия таъкид мекунад.
     Дар охирсухан метавон қайд кард, ки илми равоншиносӣ ҳамчун воситаи муҳими фаҳмидани шахсияти кӯдак ва таҳияи муҳити мусоиди таълиму тарбия нақши калидӣ дорад. Ҷорӣ кардани равишҳои равоншиносӣ дар мактаб ва муассисаҳои таълимӣ ба беҳбуд бахшидани сифат ва натиҷаи таълиму тарбия мусоидат мекунад.
 
САРЧАШМАҲО:
1.Выготский Л.С. Развитие высших психический функций. Москва: Педагогика. 1978.
2. Rogers, C. On Becoming a Person: Therapist’s View of Psychotherapy. Boston: Houghton Mifflin. 1961.
3. Вазорати маориф ва илми ҶТ (2022). Стратегияи рушди соҳаи маориф барои солҳои 2021-2030.