Нусхаи чопи

Тошмамадова Ф. – докторант (Phd)-и

шуъбаи фолклор ва адабиёти Институти

илмҳои гуманитарии ба номи академик Б.Искандарови АМИТ

 

САДА ВА РАМЗҲОИ ОН ДАР РОМАНИ «САРОЙИ САНГ»

     Ҷашни Сада яке аз ҷашнҳои қадимии мардуми эронинажод буда, ҳамасола 31-уми январ ҷашн гирифта мешавад. Ин шаҳодат аз он медиҳад, ки то иди Наврӯз 50 шабу 50 рӯз боқӣ мондааст. Ҷашни Сада ёдгориест аз аҷдодони куҳантарин барои миллати тоҷик. Халқи тоҷик онро мисли идҳои Наврӯз ва Меҳргон ҳамасола бо шукуҳу шаҳомат пешвоз мегиранду ин маросими аҷдодиро тибқи расму русумҳо ба анҷом мерасонанд.

      Ин ҷашнро дар минтақаҳои Кӯҳистони Бадахшон бо унвонҳои гуногун, дар Шуғнон «Хир пи чор» ва дар Рӯшон «Хир па чор» меноманд. «Хир пи чор» аз калимаи шуғнонӣ гирифта шуда, маънояш «Офтоб дар мард»-ро мебошад. 

      Бояд зикр кард, ки анъанаҳо, расму русум ва тарзи гузаронидани ин ҷашн аз насл ба насл мегузаштанд ва аз ояндагон ҳам тоқозо доштанд, ки онҳоро бояд зинда нигоҳ дошт. Ҳеҷ гоҳ суннатҳои ҷашни Сада аз замири мардум берун набаромаданд ва онро дар ҳама минтақаҳо мувофиқи шароити зисту зиндагонӣ ҷашн мегирифтанд.

      Лозим ба ёдоварист, ки ин гуфтаҳоро нависандаи тоҷик Ато Мирхоҷа дар романи «Саройи санг» хеле ҷолиб баён кардааст. Он суннат ва русумоте, ки дар гузашта ин ҷашн дошт, муаллиф бо як маҳорати баланди нависандагӣ тасвир сохтааст, масалан: «Субҳи рӯзи Хир пи чор Шайхзодаи олиҳиммат пас аз адои намоз бо як лаган гандум аз хона баромад. Онро се маротиба ҷониби офтоббаро гирди сар гардонда, ба замин гузошта, нимовоз даст ба дуо бардошт:

     - Худоё, Худовандо! Моро, ки аз нестӣ ба қудрати Худ ҳаст фармудӣ ва нафси ҷӯяндаву пои поянда атоямон бинмудӣ, рӯзии моро ҳам Ту бахшоӣ, чашми сар ва чашми дили моро ҳам Ту сер бинмоӣ. Ба инояти бениҳояти Худ обҳоро дар обшор нигоҳ дорӣ ва киштаҳоро дар киштзор бисабзонӣ ва ҷамъеи бандагони Худро аз куфрони неъмат дасткӯтаҳ гардонӣ! Омин Аллоҳу Акбар!

       Ана ҳамин хел дар замонҳои гузашта ҷашни Сада ё Хир пи чорро бо ин дуои нек аз тарафи Шайх оғоз менамуданд. Баъд аз дуо Шайх аз лаган як мушт гандумро гирифта ба чор тараф пошид ва ба миннатхона рафт. То ба ҳамагон аз омад-омади баҳор муборакбод гӯяд ва чунин гуфт:

  • Навиди баҳор муборак! - хитоб кард Шайхзода ба меҳмонони худ ва лаганро дар назди оташдон гузошт.

      Шайх, Хайримаҳмад ва Доробшоҳ, ки чой мехӯрданд, баробар посух доданд:

     -Худо муборак!

     - Имрӯз Хир пи чор аст, ҷаноби шайх. Шумо онро Сада мегӯед. Дуои хайр мекардед».

     Албатта, барои ҳар як халқият ҳамаи ин урфу одатҳо аз ҳама чиз муҳимму азиз мебошанд. Ва иҷрои пайвастаи он аз мо вобаста аст, то ки аз байн нараванд. Чӣ хеле ки дар боло қайд кардам, ин расм дар мо тамоман аз байн рафтааст. Дар ягон минтақаи вилоят ин русумро иҷро намекунанд. Ва ин як бадбахтист, ки он ба гӯшаи фаромӯшӣ рафтааст.

     Дар ин роман доир ба иди Хир пи чор хело возеҳ гуфта шудааст, ки дар он вақтҳо мардуми бечора ба ҷузъ ҳамин идҳо дигар ягон шодиву хушӣ дида намешуд. Чуноне, ки ҷое гуфта шудааст:

     «Дар кӯҳистон ҳамин идҳо набошанд, дили мардум мекафад».

     Дар ҳақиқат ҳам ин идҳо барои мардуми кӯҳистон як рӯзе буд ё чанд соате буд, ки онҳо аз ғаму андӯҳи худ фаромӯш карданд.

     Пас аз анҷоми табрикот дар ин ҷашн, русуми дигар иҷро мешуд. Яъне касе, ки дар фасли баҳор таваллуд шудааст, ҳаққи сӯзондани офтобро дорад.

     Дар роман ин расми чунин тасвир ёфтааст:

    «- Амакҳо, кадоматон дар фасли баҳор таваллуд шудаед?

    Пас аз дақиқаи сукут Хайримаҳмад ҷавоб дод:

   - Ман.

    - До, пас ҳаққи сӯзондани офтоб бо туст, - гуфт Маликзеб...

    Ва Хайримаҳмад пас аз сӯзондани офтоб рӯ ҷониби осмон карду гуфт:

    - Эй офтоби оламтоб, ту саракамро бисӯз, ман поякатро бисӯзам. То биштобиву бар киштаву пуштаи мо битобӣ, моҳиро дар об ва гиёҳро дар хоб биҷунбонӣ, дили моро нерӯ бахшӣ ва бар сари мо ба некӣ дурахшӣ!». Пас аз дуо бо дасти рост хӯроки дар пеш истодаро гирифта, андак-андак ба сутунҳо мемолад. Ин расм ҳам дар ҷашни Хир пи чор ҳатмӣ ба ҷо оварда мешуд.

     Пас аз он, ки ҳамаи расму одатҳои ин ҷашн иҷро мегардиданд. Халқ ҷамъ мешуду дар ҳавлии он хонае, ки боҷ (як навъи таоми гандумӣ) мепухтанд, гулхан меафрӯхтанд ва аз болои он мепариданд. Ғайр аз ин, бозиҳои идона ба монанди гуштингирӣ, лашбозӣ ва сурудхонию рақс мекарданд.

      Хулоса, ҷашни Сада яке аз ҷашнҳои куҳани мардуми тоҷик буда, онро бо тамоми расму анъаноташ ва бо шукӯҳу шаҳомати хос пешвоз мегиранд. Ин ҷашнҳои мардумӣ дар замони Шӯравӣ қариб ба гӯшаи фаромӯшӣ рафтанд, вале бо дастгирӣ ва иқдомҳои пешгирифтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сари нав эҳё ва барқарор шуданд. Ҳамасола бо супориши Пешвои миллат ин идҳо дар саросари кишварамон дар майдонҳои васеъ бо шукӯҳу шаҳомат, бо як дилгармиву хурсандӣ ҷашн гирифта мешаванд.