Қурбонхонова Н.М. - номзади
илмҳои филология, мудири
шуъбаи фолклор ва адабиёти ИИГ АМИТ
АРЗИШҲОИ УМУМИБАШАРИИ ҶАШНИ САДА
Сарчашмаи ҷашнҳои мавсимӣ вобастагӣ ва робитаи башар нисбат ба табиату гардиши коинот буда, ҳифзу мустақилияти онҳо бархоста аз кашфиёт арзёбӣ мегардад, ки дар меҳвари он арзиши умуминсонӣ нуҳуфтааст. Тамоми унсурҳои ҷашнҳои мавсимӣ дорои вижагии хоси худ ҳастанд ва ҳар яке аз онҳо дар миёни ҷомеаи башарӣ арзиш доранд. Интиқолёбӣ ва ҳифзу мустақилияти ҳар як ҷашну маросими мавсимӣ ҳам вобаста ба арзишу зарурат миёни башар буд, ки ҷойгоҳашонро устувор нигоҳ доштаанд. Албатта, дар қатори ҷашнҳои Наврӯз, Тиргон, Меҳргон ҷашни Сада низ тӯли қарнҳо бо унсурҳои ҷолибаш интиқол ёфта, ҷомеаи башарӣ онҳоро эътироф намудаанд. Нахуст ошкор шудани оташ ва эътимод доштан ба гармии Офтоб, ки аз як сӯ инсонро ба кашфиёти минбаъда водор карда, то ба имрӯз қариб тамоми асрори табиатро арзёбӣ намуда истодааст. Аз ҷониби дигар, он пояи аслии тараққиёту инкишофи тафаккури инсонӣ ва тарзи беҳтар бар роҳ мондани рӯзгузаронӣ барои аҳли башар гардида буд. Оташи кашфгирдида на ашёи сӯзанда, балки заминае аз созандагӣ ва фаъолияти минбаъдаи ҷомеаи инсонӣ дар роҳи беҳбуд бахшидан ба рӯзгор ва муҳиту атроф буд. Аз ин ҷиҳат ҳам оташ дар миёни унсурҳои чоргона ҷой гирифт ва ҳамчун ашёи муқаддас нисбат ба он таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид.
Дар робита ба андешаи фавқ академик А. Раҳмонзода дар тадқиқоташ нишон додааст, ки як омили падид омадани оташ дар тафаккури асотирии мардуми эронитабор аз таассуроти одамони ибтидоӣ ба табиат сарчашма мегирад ва қисме аз онҳо дар аввал ҷанбаи парастишӣ гирифта, бо гузашти замонҳо ва иваз гардидани тафаккури эҷодиву зеҳнӣ ба таркиби оину ҷашнҳои миллӣ ворид шуда, ба маросим табдил меёбанд [4, 4-5].
Маҳз ҷанбаи парастишӣ буд, ки оташ мавҷудияташро нигоҳ дошта то ба имрӯз дар навъу намудҳои бадеӣ бо оҳанги арҷгузорӣ ҷой гирифтааст. Дар Вандидоди Авасто дар бахши панҷум чунин омадааст:
«-Эй додари астуманд! Эй ашаван! Оё касе, ки мурдори чиркинеро дар об ё оташ биафканад ва ҳар як аз он дуро биолояд, метавонад дигарбора пок шавад?
Аҳура Маздо посух дод:
-Эй Зардушти ашаван! На! Наметавонад! Ӯ аз дузахиён аст…Ӯ аз табоҳкорон аст» [1, 464]. Ҳамин гуна андешаҳо то замони мо омада, ба шугуну боварҳо, зарбулмасалу мақол ва дигар навъҳои бадеӣ роҳ ёфтаанд.
Дар Бадахшон ҳам дар гузашта ба оташ партофтани чизи ифлосро гуноҳи азим меҳисобиданд. Ё худ касе агар хоби даҳшатнокро дида бошад, онро ба оташ мегуфтанд, ба умеди он ки даҳшат дар оташ сӯхта нобуд шавад. Ҳамчунин дар атрофи айлоқ оташ меафрӯхтанд, то ки ба чорво зарар нарасад. Инчунин хомӯш шудани оташро фоли бад мешумориданд. Нишонаҳои муқаддас будани оташро дар миёни мардум академик А. Раҳмонзода ва профессор Р. Раҳмонӣ ба тариқи муфассал нишон додаанд (Ниг:. А. Раҳмонзода, Р.Раҳмонӣ. – 2017, Д. Раҳимӣ, Душанбе-2020). Афрӯхтани гулхан ва дар атрофи он гирдомадану хурсандӣ кардан ҳам, дорои арзишҳои хос ба ҳисоб меравад. Аввалан, агар гулханро ба хотири арҷгузорӣ меафрӯхтанд, баъдан барои ба ҷо овардани расму оин аз он истифода мебурданд ва сониян ин гулхане аст, ки башарро баъди зимистони қаҳратун аз хона берун бароварда, онҳоро дар як муҳити созанда муттаҳид месозад. Солисан, он пайке аз идома додани зисту зиндагонӣ буда, инсоният боварӣ пайдо намуд, ки мушкилоти рӯзгор анҷом ёфт ва аз ин пас ба корҳои кишварзӣ омодагӣ медид.
Ба қавли Муҳаммадҷаъфари Ёҳакӣ оташ аз замони куҳан дар миёни тавоифи ҳиндууропоӣ муҳтарам ва муқаддас буда, бунёди эзадӣ дорад. Ҳиндуҳо оташро писари раббунавъи осмон медонанд ва чунин мепиндоранд, ки оташ аз осмон ба замин оварда шудааст [2, 132-137]. Аз ин рӯ нахустинсонҳо ба Хуршед дар само ва намоди он дар рӯи замин оташ ҳамчун ашёи пешбарандаи зисту зиндагониашон таваҷҷуҳ намуданд ва аз онҳо баҳра мебурданд. Шояд ин арҷгузорӣ нисбат ба Хуршеду оташ буд, ки дар Бадахшон ин ҷашн дар ҳар деҳа бо номҳои хоси маҳали худ ёд мегардад ва дар маҷмуъ ҳамаашон мафҳуми Офтобро ифода мекунанд. Масалан дар водии Язгулом ин идро «Граваш», дар Рӯшон “Хурпапуδ”, дар Бартанг “Хорпачор” ва дар Шуғнон “Хӣрпичор”(Офтоб дар мард) мегуфтанд. Дар забони ишкошимӣ Офтобро ремузд мегӯянд, ки бо исми Ауромазда - Ҳурмуз ҳамреша аст.
Ҳамаи ин номҳо гувоҳӣ аз он медиҳанд, ки мардум аз замони хеле қадим нисбат ба гармиву рушноӣ эътимод доштаанд ва дар зербинои эътиқодашон унсурҳои муҳити асрорангезро муайян менамуданд.
Ҷанбаи дигари ҷашни Сада ин аён гардидани баробарии шабу рӯз буд, ки барои нахустинсон ин як муъҷизаи табиат ба ҳисоб мерафт. Баъдтар натиҷагирӣ гардид, ки мувофиқи андешаи гузаштагон ба эътидол омадани ҳаракати офтоб инқилобе аст, дар муқобили торикӣ, яъне ғолибияти қувваи некӣ бар бадиро нишон медиҳад. Дар доираи ин андеша сарчашмаҳои зиёде ҷашни Садаро пирӯзии қувваи некӣ, аз қабили рушноӣ бар торикӣ, гармӣ бар сардӣ, пирӯзии Афредун бар Заҳҳок, сад нафарро аз марг наҷот додани Армоил баён месозанд. Ҳамин тариқ, эътидоли шабу рӯз дар Сада рамзи адолат буда, баёнгари ҳадду ҳудуди ҳар воситаи ҳаёти инсону табиатро низ мефаҳмонад. Тибқи маълумоти профессор Н.Шакармамадов Сада ин нишонаи зиндашавии табиат буда, ҳайвонот ба монанди хирс, суғур ва мор, ки давоми чил рӯз дар хоби гарон ҳастанд, бедор мешаванд [5, 27]. Баъдан дар зербинои ин кашфиёт башарият ба ихтироъи оҳан, кашфи улуми тиб, ки заминаи дигаре барои рушди ҳаёти инсонӣ буд, асос гузошт.
Фолклоршинос Д. Раҳимӣ аз таҳқиқоти С. Ҳидоят ёдоварӣ намуда нигоштааст, ки барои мардуми Кирмон ҷашни Сада аҳамияти кишорварзӣ ҳам дошт ва деҳқонон пас аз ҷашнгирии он ҷуфту киштро оғоз менамуданд [3, 83]. Албатта дар минтақаҳои дигар низ пас аз Сада омодагӣ ба корҳои деҳқониро оғоз менамуданд.
Ҳамин тавр, роҷеъ ба пайдоиши ин ҷашни бостон андешаҳои мухталифе вуҷуд доранд, ки ба ин ё он шахсияти асотириву таърихӣ нисбат дода мешаванд. Дар маҷмуъ ҳамаи онҳо як маънии мушаххасро ифода мекунанд, он ҳам бошад, дар якҷоягӣ раҳоӣ ёфтан аз душвориҳо ва оғоз намудан ба зисту зиндагонии хубтарро баён менамояд. Баъдан, ин ҷашн дорои анъана, урфу одатҳои мардумӣ мебошад, ки маҷмуаи онҳо қариб дар байни тамоми халқияти дунё як хел аст. Сониян, эътимоду парастиши ашёи табиат ба як мафҳум баён мешавад, ки он ниёзҳои башарро ифода менамояд. Инчунин, кашфиёти асрори табиат, даст ёфтан ба кори кишоварзӣ ба нафъи ҷомеаи умумибашарӣ буданд. Нуқтаи дигари ҷолиби таваҷҷуҳ вобаста ба ин ҷашн маҳсули ҷаҳду талоши тамоми башар дар як муҳити табиӣ барои беҳтар ба роҳ мондани тарзи зисту зиндагонӣ мебошад. Ҳамчунин ин ҷашн намоди созандагӣ аст, ки натиҷаи он корҳои ободонӣ, нишонаи хайру саховат, аз байн бурдани кинаву адоват ва нишонаи сулҳу салоҳ ва оромии башар ба ҳисоб меравад. Ҳамзамон ҳамаи нишонаҳо ин ҷашни бостонӣ буданд, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни баргузории ҷаласаи 18-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО дар шаҳри Касенеи Ҷумҳурии Ботсвана (аз 5.12.23 то 9.12.23) номинатсияи севуми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Исломии Эрон «Ҷашни Сада» низ расман ба Феҳристи репрезентативии ЮНЕСКО ворид гардид. Ҳамасола 30-юми январ Сада ҷашн гирифта мешавад.
Ҷашни Сада муборак бошад!
Адабиёт
- Авасто. Тарҷимаи Ҷалили Дустхоҳ. - Душанбе: «Қонуният» - 2000. 784 с.
- Ваҳҳобзода, Р. Аз оташи Сада то фуруғи Наврӯз ва Меҳргон. / Р. Ваҳҳобзода // Садои шарқ. - Душанбе, 2018, №3. С.132-137.
- Раҳимӣ, Д. Чинори пургул / Д. Раҳимӣ // Маҷмӯаи мақолаҳо.- Душанбе: Фан, 2008. -105с.
- Раҳмонзода, А., Раҳмонӣ, Р. Эҳёи ҷашни Сада аз шарофати Истиқлолияти давлатӣ аст / А. Раҳмонзода, Р. Раҳмонӣ // Ҷумҳурият.- Душанбе, 2017.- № 22-23.- С. 4-5.
- Шакармамадов, Н. Оинҳои Наврузӣ дар Бадахшон / Н. Шакармамадов. – Душанбе: РТСУ, 2012. – 100 с.