Нусхаи чопи
БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ «САРВАРОНИ СИЁСӢ» ТАҲТИ УНВОНИ «ОЛИМИ СИЁСАТМАДОР»
 
Тибқи нақшаи чорабиниҳои илмӣ дар Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Институти биологии Помир ба номи Х. Юсуфбекови АМИТ, маҳфили навбатии «Сарварони сиёсӣ» таҳти унвони «Олими сиёсатмадор» баргузор гардид.
 
Дар чорабинӣ академики АМИТ, собиқ вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрамшо Фелалиев иштирок ва суханронӣ намуд.
 
Маҳфилро бо сухани ифтитоҳӣ муовини директори Институти илмҳои гуманитарӣ оид ба илм ва таълим, доктори илми филология Абдулназарзода Абдулназар Абдулқодир оғоз бахшида, оиди хизматҳои шоёни Фелалиев Акрамшо ба ҳайси сиёсатмадор, вазифаи ӯ дар Маҷлиси намояндагони маҷлиси миллии маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот манзур намуд. Ҳамзамон, номбурда оиди бартарӣ ва мушкилоти дар сатҳи сиёсат фаъолият кардани олим андешаронӣ намуд.
 
Сипас муовини директори Институти биологии Помир, номзади илмҳои биология Гулбахт Хуҷаназарова суханронӣ намуда, дар хусуси ҳаёт ва фаъолияти илмии Фелалиев Акрамшо маълумот дод ва барои корҳои минбаъдаи ӯ комёбиҳоро таманно намуд.
 
Дар рафти ҷаласа собиқ вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Акрамшо Фелалиев дар мавзуи «Самараи заҳмат - пирӯзист» маърузаи муфассал ироа намуд. Мавсуф дар баромади худ доир ба масъалаҳои муҳимми илму маориф, нақши илми муосир дар рушди ҷомеа ва сиёсати созандаи давлати Тоҷикистон дар самти дастгирии соҳаи илм ва тарбияи кадрҳои баландихтисоси илмӣ гузориш пешниҳод намуд. Баромадкунанда махсусан таъкид дошт, ки кадрҳои ҷавони имрӯза бояд дар баробари содиқ будан ба ҷодаи илм, ҳисси баланди ватандӯстӣ дошта, ба сиёсати созандаи давлат ҳамеша содиқ бимонанд.
 
Зимни баромад академик А. Фелалиев ба аҳаммияти пайванди ногусаринии илм ва сиёсат, саҳми фаъоли ҷавонон дар пешрафти кишвар ва зарурати истифодаи технологияву донишҳои муосир барои ҳалли масъалаҳои муҳимми ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуд.
 
Маҳфил дар фазои озоду самимӣ ва мубоҳисавии илмӣ ҷараён гирифт. Иштирокчиён ва ходимони илмӣ имконият пайдо карданд, ки ба саволҳои худ посухҳои мушаххас гирифта, доир ба масъалаҳои гуногуни илмӣ ва ҷамъиятӣ мубодилаи афкор намоянд.
Дар анҷоми чорабинӣ, роҳбарият ва иштирокчиёни маҳфил ба академик Акрамшо Фелалиев барои суҳбати судманд, андешаҳои арзишманди илмию сиёсӣ ва маслиҳатҳои муфид изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.